Дар бораи мо

ҶДММ “АСР Лизинг”яке аз ширкатҳои калонтарин ва зудрушдёбанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ширкат санаи 23-уми январи соли 2013 аз ҷониби Корпоратсияи Исломӣ оид ба Рушди Сектори Хусусӣ (КИР), бахши хусусии Бонки Исломии Рушд ва як гурӯҳ сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ бо маблағи умумии оинномавии 3 млн. доллари ИМА таъсис дода шудааст. Баъдан сохтори саҳомон тағйир ёфт вақте, ки саҳми гуруҳи сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷониби ширкати Евразия Груп АГ харидорӣ карда шуд. Айни замон сохтори саҳомон аз Корпоратсияи Исломӣ оид ба Рушди Сектори Хусусӣ (КИР) ва Евразия Груп АГ иборат мебошад. Хизматрасонии асосие, ки аз тарафи ширкат пешниҳод мешавад ин лизинги молиявӣ ё иҷора мебошад. Мақсади асосии фаъолияти ширкат ин маблағгузории корхонаҳои хурду миёна ва расонидани саҳми худ ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешниҳоди сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизот ва техника ба шумор меравад. Афзалият ба корхонаҳои хурду миёна ҳамчун қувваи асосии ҳаракаткунандаи иқтисодиёт ва ба лоиҳаҳое дода мешавад, ки рушди устувори иқтисодиро ҳавасманд мегардонанд ва истеҳсолоти дохилии молу маҳсулот ва хизматрасониро меафзоянд.

Мо, дар AСР Лизинг дарк менамоем, ки рушди ҳақиқӣ ва пешравии ҳама гуна кишвар аз бахши хусусӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна вобастагии зич дорад. Ҷалб намудан ва иштироки самараноки онҳо дар иқтисодиёт бешубҳа метавонад сатҳи зиндагии мардумро беҳ созад ва сармоягузорӣ ва ҷойҳои кориро дар кишвар зиёд намояд. Ҳамин тавр, мо кушиш менамоем, ки шароитҳои ҳозираи бозор ва талаботҳои мизоҷонро ба назар гирифта ба онҳо хизматрасонии фаврӣ ва эътимодноки лизингиро пешниҳод намоем.

МИССИЯ
ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИИ ЛИЗИНГИИ БО СИФАТИ БАЛАНД, КИ ЗАРУРИЯТИ МОЛИЯВИИ МИЗОҶОНРО БО АҚИДАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ, ПАЙРАВИИ МУСТАҲАКАМ ВА САТҲИ БАЛАНДИ ХИЗМАТРАСОНӢ ҚОНЕЪ МЕНАМОЯД.

ДУРНАМО
ШИРКАТИ ЛИЗИНГИИ ПЕШСАФ ВА ЭЪТИМОДНОК БУДАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.