Шарикон

БИР

Бонки Исломии Рушд созмони байналмилалии молиявӣ буда, тибқи Изҳорот дар бораи мақсадҳо таъсис ёфтааст, ки онҳо дар ҷамъбасти Конференсияи вазирони молияи кишварҳои исломӣ дар Ҷидда моҳи зулҳиҷҷаи соли 1393 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба декабри соли 1973 таҳия ва қабул гардидаанд. Ҷаласаи аввалини Шўрои мудирон дар моҳи раҷаби соли 1395 ҳиҷрӣ мутобиқ ба июли соли 1975 баргузор гардида, Бонк дар таърихи 15 моҳи шавволи ҳиҷрӣ мутобиқ ба 20 октябри соли 1975 расман ифтитоҳ гардид.

Ҳадафи Бонк мусоидат ба пешрафти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии кишварҳои аъзо ва ҷомеаҳои исломӣ ҳам бо тариқи инфиродӣ, ҳам бо кўшишҳои якҷоя тибқи муқаррароти шариат, яъне қонунҳои исломӣ мебошад.

Ба вазифаҳои Бонк, ба иловаи расонидани кӯмаки молиявӣ ба кишварҳои аъзо, ки дар марҳалаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қарор доранд, иштирок дар сармояи худӣ ва қарзҳои грантӣ барои лоиҳаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ дохил мешавад. Ба иловаи таъсиси фондҳои боварӣ (трастӣ), Бонк бояд барои мақсадҳои мушаххас фондҳои махсус таъсис диҳад ва идора намояд, аз он ҷумла, фонди кўмак ба ҷамоаҳои мусулмоние, ки дар кишварҳои ғайриаъзои Бонки Исломии Рушд қарор доранд. Бонк ҳуқуқ дорад амонатҳо қабул намояд ва захираҳои молиявии худро бо роҳҳои мутобиқ ба қонунҳои Шариат мавриди истифода қарор диҳад. Бонк барои расонидани кўмак ба рушди тиҷорати беруна байни кишварҳои аъзо, хусусан дар мавриди воситаҳои истеҳсолӣ, расонидани кўмаки техникӣ ба кишварҳои аъзо масъул аст. Ҳамчунин Бонк барои вусъат додани имконоти таълимии ҳайати кормандоне, ки дар фаъолияти марбут ба рушди кишварҳои мусулмонӣ тибқи Шариат ширкат мекунанд, масъулият бар дўш дорад.

Дар айни замон 56 кишвар аъзои Бонки Исломии Рушд ҳастанд. Шарти асосии узвият он аст, ки кишвари талабгори узвият бояд узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бошад, ба сармояи Бонк саҳм гузорад, барои қабули шартҳо ва муқаррароте, ки бо қарори Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд пазируфта шудаанд, омода бошад.

КИР

Корпоратсияи Исломӣ оид ба Рушди Сектори Хусусӣ (КИР) ташкилоти бисёрҷониба мебошад, ки ба гурӯҳи Бонки Исломии Рушд вобастагӣ дорад (БИР). Муасиссони он Бонки Исломии Рушд, 52 кишварҳои аъзои исломӣ ва 5 ташкилотҳои давлатии молиявӣ аз кишварҳои иштирочӣ ба шумор мераванд. Сармояи оинномавии он ба 2,0 млрд доллари ИМА баробар мешавад, ки аз он 1,0 млрд доллари ИМА барои аъзо шудан мавҷуд аст. Бо саридорааш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, КИР аз тарафи Шурои мудирон дар доираи 24-ум вохурии солона, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ моҳи ноябри соли 1999 (Раҷаб 1420H) баргузор гардида буд таъсис ёфт.

Ваколати КИР аз дастгирии рушди иқтисодии кишварҳои аъзо таввасути пешниҳоди воситаҳои молиявӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ мувофиқи принсипҳои Шариат иборат мебошад. КИР лоиҳаҳоеро маблағгузорӣ менамояд, ки махсусан барои ташкили имкониятҳои ҷойи корӣ ва рушди содирот равона карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, КИР захираҳои иловагиро барои лоиҳаҳои худ ҷалб менамояд ва ба рушди маблағгузории исломӣ ва бозорҳои сармоя мусоидат менамояд.

Он инчунин тарафҳои ҳаммаблағгузорро барои лоиҳаҳои худ ҷалб менамояд ва ба ҳукуматҳо ва гуруҳҳои бахши хусусӣ оиди сиёсат дар бахши ҳавасмандкунии таъсис, васеъкунӣ ва навкунии корхонаҳои хусусӣ машварат медиҳад, рушди бозорҳои сармоя, таҷрибаи пешрафтаи идоракунӣ ва баланд бардоштани нақши иқтисодиёти бозоргонӣ.

Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби КИР маблағгузорӣ карда мешаванд дар асоси саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишварбо назардошти омилҳои зерин: ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳиссаи онҳо дар содирот интихоб карда мешаванд. КИР дар илова ба фаъолияти Бонки Исломии Рушд дар кишварҳои аъзо ва инчунин ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

EВРАЗИЯ ГРУП АГ

Евразия Груп АГ ширкати мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Швейтсария таъсис дода шуда ба қайд гирифта шудааст.

ТИИ

Ташкилоти Идоракунии Иҷора (ТИИ) моҳи ноябри соли 2010 таъсис ёфтааст ва 100% ҳамчун ширкати фаръии Корпоратсияи Исломӣ оид ба Рушди сектори хусусӣ (КИР) ба ҳисоб меравад. Он бо мақсади мусоидат ба таъсис ва ташкили ширкатҳои муваффақи лизингӣ (иҷоравӣ) дар кишварҳои аъзои БИР ва берун аз он равона карда шудааст.