Лизинг чист?
Лизинг ин созишномаи молиявии байни ду тараф, Лизингдиҳанда ва Лизинггиранда барои иҷораи предмети лизинг ба муҳлати муайян ва бо пардохтҳои муайян ба ҳисоб меравад. Умуман, лизинг ин воситаи молиявии миёнамуҳлат мебошад, ки барои харидорӣ намудани техника, таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ ва/ё дигар дороиҳо истифода бурда мешавад. Ин ба як тараф Лизинггиранда имконият медиҳад, ки дороие, ки ба тарафи дигар, Лизингдиҳанда таалуқ дорад истифода барад. Лизинггиранда предмети лизингии ба иҷора гирифтаро истифода намуда мувофиқи шартҳои созишномаи байни ҳарду тараф ба имзорасида ба фоидаи Лизингдиҳанда пардохтҳои лизингӣ анҷом медиҳад. Дар охири муҳлати созишномаи лизингӣ ҳуқуқи соҳибияти предмети лизинг метавонад ба Лизинггиранда бо нархи рамзӣ супорида шавад. Ҳамин тариқ, лизинги молиявӣ ба иҷора, маҳсулоти маблағгузории исломӣ, ки барои хариди таҷҳизот ва техника истифода бурда мешавад шабеҳият дорад.
Иштирокчиёни асосии амалиёти лизингӣ:
- Лизингдиҳанда
- Лизинггиранда
- Таъминкунанда/фурушанда
- Суғуртакунанда
Лизингдиҳанда – шахси ҳуқуқие, ки предмети лизингиро бо дархости Лизинггиранда дастрас намуда онро барои иҷораи молиявии минбаъда ба Лизинггиранда мувофиқи шартномаи лизинг месупорад.
Лизинггиранда –шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи шартномаи лизинг уҳдадор мешавад, ки предмети лизингро ба муҳлати муқарраргардида, ба ивази пардохтҳои муайян ва бо шартҳои барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии муваққатӣ қабул намояд.
Таъминкунанда ва фурушанда – ширкате, предмети лизингро мувофиқи шартҳои шартномаи хариду фуруш ба Лизингдиҳанда ва таснифот, ки байни Лизингдиҳанда ва Лизинггиранда дар асоси шартномаи лизинг муқаррар гардидааст мефурушад ба ҳисоб меравад. Таъминкунанда/фурушанда уҳдадор мешавад предмети лизингро ё ба Лизингдиҳанда ё ба Лизинггиранда мувофиқи шартҳои шартномаи хариду фуруш супорад.
Суғуртакунанда – ин ширкати суғуртавӣ, ки предмети лизингро мувофиқи шартҳои шартномаи лизинг суғурта менамояд. Он дар амалиёти лизингӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии суғуртавӣ барои таҷҳизот, техника, нақлиёт ва дигар намуди дороиҳо иштирок менамояд ва хавфҳои эҳтимолиро вобаста ба предмети лизинг ва/ё амалиёти лизингӣ мепушонад.
Барои чи AСР Лизинг?
ҶДММ “АСР Лизинг” дар бозори лизингии Тоҷикистон яке аз ширкатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар муддати фаъолияташ ҶДММ “АСР Лизинг” дар бозори лизингии ҷумҳурӣ, худро ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ муаррифӣ намуда ба қатори ширкатҳои пешрафтаи лизингии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Кормандони пуртаҷриба ва пурмасъули мо ба зарурият ва талаботҳои мизоҷон фавран ҷавоб медиҳанд, ки ин дар навбати худ сифати хизматрасониро беҳтар намуда мизоҷонро розӣ ва қаноатманд менамояд. Мо ҳама гуна таҷҳизот, техника ва воситаҳои асосии дилхоҳро бо нақшаҳои пардохт, ки бо назардошти талаботҳои алоҳидаи ҳар як мизоҷ тартиб дода мешавад ба иҷораи молиявӣ (лизинг) пешниҳод менамоем.
Ки метавонад барои лизинг муроҷиат намояд?
Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, ки бо таври расмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ва ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, метавонанд барои лизинг муроҷиат намоянд. Шахсони ҳуқуқие, ки нақша доранд иқтидори истеҳсолии худро пурзур ва ё азнав намоянд, метавонанд аз маблағгузории лизингӣ барои харидорӣ намудани намудҳои гуногуни таҷҳизот ва техника истифода намоянд.
Шартҳои лизинг
Шартҳои асосии лизинг:
- Мӯҳлат – 12 то 48 моҳ
- Пешпардохт – 20% ё зиёда
- Изофапулӣ бо фоиз – дар асоси шартномаи лизинги
- Пардохти маъмурӣ – 1% аз маблағи аз ҳисоби ширкати лизингӣ пардохтшаванда
- Асъор – доллари ИМА
- Таъминнокӣ (гарав)–амволи ғайриманқул
- Суғурта–предмети лизинг бояд дар муҳлати пурраи лизинг суғурта карда шавад
Меъёрҳои асосӣ барои қобили қабул будани лоиҳаи лизингӣ:
- Лизинггиранда бояд шаҳси ҳуқуқӣ бошад
- Ҳисоботҳои молиявии мусбӣ
- Таҷрибаи хуби касбӣ
- Таърихи хуби қарзӣ
- Мизоҷони эҳтимолӣ набояд дар амалиётҳои зерин: бозии қимор, нушокиҳои спиртӣ, тамоку ва дигар амалиётҳои манъшуда машғул бошанд.
Бартариҳои лизинг
- Маблағгузории миёнамуҳлат
- Қулай будани шартҳои лизинг нисбат ба қарзҳои бонкии анъанавӣ
- Ҷадвали пардохти фасеҳ
- Маблағхои калонро барои хариди таҷҳизоти зарурӣ талаб наменамояд
- Сармояи гардонро озод менамояд
- Идоракунии осони маблағи пулӣ ва буҷа
- Усули самаранок барои азнавкуниӣ воситаҳои асосӣ.